Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Ворид намудани ҳассосияти гендерӣ дар фаъолияти соҳавӣ”

20 июли 2020, душанбе

         17 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Гуруҳи идоракунии Лоиҳаи Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш тренинги омӯзишӣ барои гурӯҳи кории соҳавии вазорату идораҳо дар мавзӯи “Ворид намудани ҳассосияти гендерӣ дар фаъолияти соҳавӣ” баргузор гардид. Тренинги мазкур аз ҷониби Гуруҳи идоракунии Лоиҳаи Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ККЗО, Бонки рушди Осиё ва филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, кумитаҳои кор бо занон ва оила, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, мушовири миллӣ ва мутахассис оид ба гендер ва таҳсилоти Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

         Бояд қайд кард, ки тренинг дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ доир гардида, дар мавзӯҳои “Вазъи занон дар бозори меҳнати Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди оила”, “Татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа”, “Роҳҳои таъминнамудани касбомӯзии занон ва духтарон дар Лоиҳаи Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”, “Аҳамият, механизми роҳандозӣ, таҷрибаи пешқадам ва татбиқи буҷети гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

         Ҳамчунин, дар рафти баромад мавзӯҳо аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи кории соҳавии вазорату идораҳо зери муҳокимаи умумӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои ҷойдошта хулосаи хешро пешниҳод намуданд.

         Дар анҷоми барнома аз ҷониби иштироккунандагон фаъолияти кори гурӯҳӣ дар мавзӯи “Таҳияи буҷаи гендерӣ дар вазорату кумитаҳо дар панҷ бахш: энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмон ва сайёҳӣ” роҳандозӣ гардид.

 

 

 

 

 

Поделиться в