Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари мақсадноки гурӯҳи корӣ

21 июли 2020, сешанбе

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон аз 11 то 20 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дод.

Гурӯҳи корӣ бо ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус хуруҷи мавҷи дуюми COViD-19, табобати беморон, бунёди беморхонаҳои сироятӣ, таъминнокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашнӣ, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ шинос шуда, бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуд. Таъкид гардид, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон теъдоди гирифторшавӣ ба бемории COViD-19 коҳиш ёфта бошад ҳам, ин набояд боиси фироғболиву беэътиноии шаҳрвандон гардад. “Дар бисёре аз кишварҳо, ки сатҳи гирифтории ин беморӣ хеле коҳиш ёфта буд, мавҷи дуюм, хуруҷи нави гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида гардида, аз ҷониби баъзе давлатҳо чораҳои нави фаврӣ ба муқобили пешгирии он андешида мешаванд. Эмин мондан аз ин таҳдид аз масъулиятнокии ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри сироят наёфтан ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии он гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ин давраи басо ҳассос тибқи тавсияи мутахассисон рафтор кунем ва саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоем”, – афзуд Ширин Исматуллозода. Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарон ва масъулони ноҳияҳои болозикр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Поделиться в