Бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ ва иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 тасдиқ гардидааст, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ аз ҳисоби муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳо, раисони маҳаллаҳо дар кӯчаву маҳаллаҳо бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, таъмири хонаю деворҳо, тозаю озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, пешгирии паҳншавии бемории сироятии вируси нави ковид -19 ва инчунин аз биноҳои баландошёна дидан намуда, бо роҳбарони КВД “МХР” №1, 2, 3, 4, 5 барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва бо сифати баланд сохта ба истифода додани иншооти ба нақша гирифташуда маслиҳатҳои муфид доданд.