Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Оилаи солим – ҷомеаи солим

22 июли 2020, чоршанбе

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавриди пешгирӣ аз сироятшавии бемории коронавирус COVID-19, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишту кор ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, таълиму тарбияи фарзандон, назорати фарзандон дар давраи таътили тобистона бо аҳолӣ суҳбату вохӯрҳо баргузор намуд.

 

Поделиться в