Таҳияи лоиҳаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”
Санаи 22 июли соли равон дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумита, аз ҷумла намояндагон аз Вазоратҳои молия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳо пешниҳодҳо оид ба таҳияи нави лоиҳаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи он муҳокима намуданд.