Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии КОВИД-19

23 июли 2020, панҷшанбе

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи чорабиниҳои ситоди вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар маҳаллаҳои шаҳр гардиши фардии  "хона ба хона"-ро доир намуд.
            Аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Поделиться в