Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳои судманд дар шаҳри Душанбе

23 июли 2020, панҷшанбе

 

Тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба масъалаи истифодабарии оқилонаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба давраи зимистон суҳбатҳои хоса доир намуда, бонувонро ба омода намудани хуриш аз меваву сабзавот ва дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш мондани маҳсулоти истеҳсолнамуда ҳидоят кард.

Қайд карда шуд, ки занону бонувони ҳунарманд дар баробари таъмини хонавода бо маҳсулотҳои тару тоза, шарбату хуришҳои ба саломатии инсон фоидаовар, ҳамзамон бо фурӯши маҳсулотҳои истеҳсоли худӣ буҷаи оиларо ғанӣ мегардонанд. Илова бар ин, ҷавондухтарони зиёд аз ин ҳунари кадбонугӣ малакаи худро сайқал дода, заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба занону бонувони чирадаст хоҳад гузошт.

Поделиться в