Ҳунар беҳ аз симу зар аст
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кушониён ҳар як оила ба масъалаи истифодабарии оқилонаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба давраи зимистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, аз меваю сабзавот шарбату хуришҳо омода намуда истодаанд. Айни замон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, шалғам, карам, маҳсулоти донагӣ: лубиё, мош, биринҷ, нахуд ва орду равған фаровон захира гардида, ҳар як оила зиёда аз 300 банка консерва маҳкам кардааст.