Зан мазҳари покизагист
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва фаъолзанони шаҳр бо ҷалби аҳолӣ шанбегиҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, дар ин раванд суҳбату мулоқотҳо оид ба ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гул ва зебо намудани гулгаштҳо, таъмири хонаю дар, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, риояи талаботи санитарию гигиенӣ бо сокинони шаҳр баргузор гардида истодаанд.