Нишасти матбуотӣ
Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 бо иштироки 33 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз натиҷаи фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2020 ба таври фишурда ҳисобот дода, зикр намуд, ки Кумита оид ба раванди амалисозии барномаҳои соҳавӣ: Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба вазъи занон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занондар ҷомеа ва оила корҳои муайянеро роҳандозӣ намудааст.
Тавваҷӯҳи Сарвари давлат нисбат ба пешбарӣ намудани занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда назаррас буда, сол аз сол теъдоди занон дар хизмати давлатӣ меафзояд. Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон аз шумораи умумии 5676 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1066 (18,7%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,4%) 22 нафар зиёд аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо аз 1 январ то 15 июли соли 2020 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нафар занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунанда таъин гардиданд.
Дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон 3 нафар зан аъзои ҳукумат, 5 нафар ба ҳайси роҳбарони мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар дар вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.
Дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои амалӣ ба занон ва аъзоёни дигари хонавода, яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумита мебошад.
Дар раванди амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ҷиҳати ба муроҷиаткунандагон ва ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ расонидани машваратҳои равонию ҳуқуқӣ Кумита хизматрасонии Маркази захиравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва баробарии гендериро бо телефони боварии 13-13 шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба марказ 545 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 493 нафар зан ва 52 нафарро мардон ташкил дода, ба 475 нафар машваратҳои равонию ҳуқуқии телефонӣ ва бо 70 нафар суҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом дода шуд. Зиёда аз 30 нафар аъзои хонавода ва зиёда аз 20 оила ба созиш дароварда шуданд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 310 арзу шикоят вобаста ба амалҳои зӯроварӣ дар оила нисбати занон санҷида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.
Қонуншиканиҳо дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо дастрасии моддаи 90 КҲМ ҶТ дар давраи ҳисоботӣ 8015 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1736 ҳолат кам аст.
Новобаста аз корҳои анҷомдодашудаи Кумита ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар пошхӯрии оилаҳо ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Тибқи маълумотҳои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи соли равон қайди давлатии ақди никоҳ 29955 ҳолатро ташкил дода, қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ 5486 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 579 ҳолат кам аст.
Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории COVID – 19 ва осебпазирии занону кӯдакон Кумита ва зерсохторҳои он корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус тибқи фармоиши Раиси Кумита ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, аз ҳисоби кормандони Кумита гурӯҳҳои корӣ дар маҳалҳо бо усули фардии “хона ба хона” ва суҳбатҳои сарироҳӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро доир намуда, варақаҳои иттилоотӣ – тарғиботӣ ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ миёни сокинони шаҳру навоҳии пойтахт паҳн карда шуданд.
Мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз шумораи умумии 680 нафар гирифторони бемории ВНМО дар ҷумҳурӣ 260 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 нафар кам аст. Теъдоди нашъамандон аз ҳисоби занон дар сатҳи ҷумҳурӣ 113 нафар, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар кам, гирифторони бемории сил 1098 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 97 нафар кам мебошад.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» Кумита дар шаш моҳи соли 2020 муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии 256 нафар шаҳрвандонро баррасӣ намуд, ки аз ин шумора 216 нафарро занон ва 40 нафарро мардон ташкил доданд.
Аризаҳо ва муроҷиати шаҳрвандон бештар ба масоили кӯмаки молиявӣ, пешгирии зӯроварӣ, ҷойгир намудан дар хобгоҳи Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», таъмин намудан бо қитъаи замини наздињавлигӣ ва манзили истиқоматӣ, баррасии муноқишаҳои оилавӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба гранти Президентӣ ва оид ба дигар масъалаҳоро ташкил дода, ба 98 нафар шањрванд маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва ба 158 нафар маслиҳатҳои равонӣ дода шуд.
Ҷиҳати муаррифии мавқеи занон дар ҷомеа, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар ва масъалаҳои мубрами рӯз роҳбарият ва кормандони Кумита дар зиёда аз 68 номгӯи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баромад намуда, дар саҳифаи рӯзномаву маҳаллаҳои «Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ”, “Фараж” ва “Зан ва оила” мақолаҳо ба нашр расонданд.
Дар давраи ҳисоботї аз ҷониби Кумита ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 400 адад вохӯриву мулоқот, 600 адад чорабинињои маърифатӣ – фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва фањмондадиҳӣ, 216 адад рейдњои муштарак, 33 адад семинарњои омӯзишӣ-иттилоотӣ ва машваратӣ, 10 адад озмунҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, 7 адад мизи мудаввар, 11 адад аксия, 28 адад чорабиниҳои варзишӣ доир карда шуданд.
Зимни нишасти хабарӣ рӯзноманигорон доир ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла, иштироки занон дар маъракаи сиёсии интихобот, кӯмак ба занҳои ҷабрдидаи зӯроварии хонаводагӣ, тадбирҳои Кумита дар мавриди дастгирии занон ва расонидани кӯмакҳои амалӣ ба онҳо, сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳо ва чораҳои Кумита дар самти пешгирии пошхӯрии оилаҳо саволгузорӣ намуда, аз ҷониби роҳбарият посухҳои мушаххас гирифтанд.