Худ ва дигаронро аз бемории сироятии короновирус ҳифз намоед!
Таърихи 28.072020 бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷойҳои серодами шаҳр, аз ҷумла бозори Панҷшанбе, боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ Камоли Хуҷандӣ ва Абдӯмаҳмуди Ҳуҷандӣ аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз бемории сироятии короновирус ҳифз намоед” баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб доир гардида истодаанд. Ба ниёзмандон ниқобҳо ройгон тақсим карда шуд.