Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Кӯдакон ояндаи миллатанд

01 июни 2019, шанбе

 

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кӯдакистонҳои №67, 44, 36, 22, 17 дар Боғи Мир Алишер Навоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ боз ҳам баланд бардоштани масъулияти калонсолон ва волидон нисбат ба кӯдакон, тарбияи солим ва дуруст ба воя расонидани кӯдакон, омӯзиши ҳунару одоб, ҷой додани меҳру муҳаббат дар қалби покашон нисбат ба Ватан-модар мебошад, зеро дар шароити Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намудани насли солиму созандаи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, танҳо бо ҳамин роҳ метавон ба фатҳи армонҳои миллӣ ва соҳили мурод расид.
Қобил ба ёдоварист, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтару ҷолиб намудани ҳаёту зиндагии кӯдакон як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардиданд, аз қабили Конвенсияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон», Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак барои солҳои 2003-2010, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва дигар санадҳое мебошанд, ки аз ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар гувоҳӣ медиҳанд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо ширкат варзида, дар фарҷоми барнома аз ҷониби кумита ба 100 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Поделиться в