Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирӣ аз мавҷи дуюми COVID-19

30 июли 2020, панҷшанбе

 Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо дар арафаи Иди саиди Қурбон ва пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суҳбатҳои сарироҳӣ доир намуд.
            Аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.

Поделиться в