Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Кадбонуҳои моҳир

30 июли 2020, панҷшанбе

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо ва ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҳарчӣ бештари занону духтарон Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати  истифодабарии оқилонаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз меваю сабзавот шарбату хуришҳо омода намудани захираҳои давраи зимистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар  ноҳияи Хуросон дар ҳавлии Ҳамроқулова Райҳон тарзи аз чакка омода намудани қурут ва хушконидани алафҳои хушбӯй барои таомҳои миллӣ ба ҷавондухтарон омӯзонида шуд. Ин пири барнодили 76 сола қайд намуд, ки ҳамасола аз ҳисоби як сар чорвои калони шохдораш равғани зард ва қурут захира карда, дар фасли сармо таомҳои миллии курутов, фатирмаска аз фатири гандумӣ барои аҳли хонадон омода месозад.  Аз ширинии тут ва харбуза ҳалво мепазад ва  аз ҳар гуна кабудиҳои хушконидаам истифода мекунад, ки таъми таомро лазиз месозанд.

Поделиться в