Усули “хона ба хона”
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази ВНМО-и ноҳия ва бахши кор ҷавонон ва варзиши ноҳия бо усули “хона ба хона” дар деҳаҳои Садбарго, Деҳлоло, Момандиён, Ғофилободи Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров, деҳаҳои Лангар, Охҷари Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо 3000 оила суҳбату вохӯриҳо доир намуд.
Дар кори гурӯҳӣ вобаста ба пешгирӣ ва пайдоиши бемории сироятии коронавирусм COVID-19, бемории нашъамандӣ, бемории сироятии ВНМО, маводи тамоку, солимии ҷавонон ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои шараку деҳоти ноҳия идома доранд.