Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳфили “Ҳунар беҳ аз симу зар бувад”

30 июли 2020, панҷшанбе

Тибқи дастуру супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Муъминобод рӯзи 28 июли соли 2020 бо 45 нафар ҳунармандони ҷамоати деҳоти Деҳибаланд вобаста ба иҷрои банди 2-и моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзмии анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Ҳунар беҳ аз зар бувад” гузаронида шуд.

Занон ва бонувони ҳунарманд намоиши ҳунарҳои мардумиро ташкил намуда, ба ҷаводухтарон дӯхтани либосҳои чакани занона, аз қабили тоқии чакан, рафидадӯзӣ, шероздӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро омӯзонида истодаанд.

Поделиться в