Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии омилҳои номатлуб

03 августи 2020, душанбе

            Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд, оиди огоҳии мардум дар пешгирии бемории Ковид-19, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, рӯзҳои 28-29 июли соли ҷорӣ дар  якҷоягӣ бо намояндагони субъектҳои амаликунандаи давлатие, ки дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» масъуланд, инчунин намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии аъзои шабакаи ҷумҳуриявии ТҶ «Умед», расонаҳои ахбори омма суҳбату мулоқотҳо доир намуд. Дар  мулоқоту вохӯриҳо ба шаҳрвандон оиди мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар дигар кишварҳо, роҳҳои пешгирии он, огаҳӣ аз муҳоҷирати бехатар, омӯзиши қонунҳо дар ин самт, роҳ надодан ба ҳодисаҳои номатлуб, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҳалли худ ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, равнақ додани кадбонугии бонувон, коҳиш додани оилавайронии ҷавонон, тарбияи босуботи насли наврас, пешгирии паҳншавии covid-13 суҳбатҳо гузаронида шуданд.

 

Поделиться в