Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Кӯмак ба оилаҳои осебдида

03 августи 2020, душанбе

Рӯзи 30.07. 2020 дар партави ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои зарардидаи деҳаи Н. Асадуллоеви ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросонро, ки рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 аз офати табиӣ осеб дида буданд, аёдат намуда, суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ дар атрофи ғамхориҳои беназиру адолатпарваронаи Пешвои муазами миллат ҷиҳати дастгирии шаҳрвандону оилаҳои  ниёзманд, инчунин пешгирии вайроншавии оилаҳо ва никоҳҳои хешутаборӣ, зарурати муоинаи пеш аз никоҳии издивоҷкунандагон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, роҳ надодан ба гароиши ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии бемории сироятии каронавирус сухан рафта, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои болозикр бетарафӣ зоҳир накарда, фаъолона баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта талош намоянд. Иброз карда шуд, ки ҳукумати мамлакат пуштибони ҳар як аъзои оила ва ҷомеа буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то таҷлили ҷашнвораи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сокинони осебдидаи ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросонро соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гардад.

Дар мавриди аёдат Кумита бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша ба 67 нафар аъоёни оилаҳои зарардида маводҳои хӯрока, аз қабили орду равған, биринҷ, макарону шакар ва либосу пойафзолҳои занонаю кӯдакона кӯмак намуд.

Поделиться в