Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

МУРОҶИАТНОМАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ КИШВАР ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

04 августи 2020, сешанбе

         Тавре ба ҳамаи шумо маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетикаи кишвар ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

         Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқии обии “Помир -1”, “Сангтӯда - 1”, Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқии обии  “Роғун”, инчунин, нерӯгоҳи “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо нерӯгоҳи барқи обии хӯрд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.

         Дар натиҷаи маҳдудияти таъмини нерӯи барқ аз 14 январи соли 2017 дар кишвар пурра бардошта шуд.

         Дар давраҳои оғози истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд.

         Аз санаи зикршуда, яъне 14 январ то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.

         Чунонки ҳамватанони азизи мо огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон низ шиддат гирифт.

         Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҳрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард.

         Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад.

Имӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам аст.

Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта17 метр кам аст.

Агар чунин вазъият идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодии миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебаранд.

Мардум, мо хуб медонем, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне, мо имрӯз метавонем ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мушилоти фасли тирамоҳу зимистони дар пешистодаро  пешгирӣ кунем.

Бо ҳамин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дар пешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати “Барқи Тоҷик” ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк менамоянд.

         Мо имрӯз ҳатто мо маҷбур шудем, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатии зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон катъ намоем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд. Дар вазъияти имрӯза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳо диҳад.

Бо назардошти вазъияти баамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли  моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.

Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз нерӯи барқро  сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.

Ҳукумати мамлакат ба маълумоти мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонад, ки тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон  азият накашанд.

 

Поделиться в