Либоси миллӣ ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ аст
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколи машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2019 ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, санаи 11.06.2019 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, муовинони соҳаи иҷтимоиёти раисони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, роҳбарони марказҳои бузурги савдо, директорони бозорҳо ҷаласаи корӣ доир гардид.
Кори ҷаласаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода И.Т. ҳусни оғоз бахшида, аз руи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллии занону ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарғиби сару либоси миллӣ ва роҳҳои пешгирии фарҳанги бегона миёни занону ҷавондухтарон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А.А. баромад намуд.
Зикр доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 28 сол кӯшиш намуда истодааст, ки сохтори давлатӣ муназзам ба танзим дароварда шуда, сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии мардуми кишвар баланд бардошта шавад. Ба роҳ мондани корҳои зиёди бунёдкориву ободонӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, боғҳои истироҳатӣ-фароғатӣ, чароғонкунӣ ва ороиши кӯчаву хиёбонҳо барои ҳусну таровати зебо бахшидан ба симои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар иқдомҳою талошҳои пайваста ҷиҳати муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ва ба меҳмонону сайёҳоне, ки вориди мамлакат мешаванд, бо сиёсати сулҳпарваронаю созанда, бо маданият, фарҳангу тамаддуни волои миллати тоҷик, бо либоси шинаму зебо ва симои нуронии зан-модари тоҷик аз тадбирҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати кишвар аст.
Новобаста аз таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эҳтиром ва арҷ гузоштан ба фарҳангу маданият ва расму ойинҳои миллӣ ҳанӯз ҳам омили бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону ҷавондухтарон бараълост, ки боиси ташвишу нигаронӣ аст. Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба синну сол, фасли сол ва хусусиятҳои хоси ҳар минтақа нашр гардид. Имрӯз роҳбарони шаҳру ноҳия, директорони бозорҳо ва боғҳоро зарур аст, ки бо истифода аз Дастурамали болозикр дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу бозорҳо намунаи либосҳои миллиро насб намуда, барои фурӯшандаҳо низоми либоси ягонаи кориро ҷорӣ намоянд. Молҳои туркӣ, аз қабили сатру ҳиҷоб, куртаҳои дароз аз муомилот боздошт шуда, воридоти чунин молу коло ба Тоҷикистон аз ҷониби кормандони гумрук ба танзим дароварда шавад. Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷоннок карда шуда, занону бонувонро ба арҷ гузоштану эҳтиром намудани либосу фарҳанги миллӣ ҳидоят намоянд. Занону бонувон бояд бо либоси шинаму зебо ва ҳусну таровати тоҷиконаи худ муаррифгари фарҳангу маданият, забон, урфу одат ва расму ойинҳои мардумӣ бошанд.