Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Идомаи корҳои тарғиботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ

05 августи 2020, чоршанбе

Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бобати пешбурди тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз сироятшавӣ ба  ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19,  инчунин вобаста ба масоили пешгирии зӯроварӣ дар оила, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ба эътидол овардани муносибатҳои оилавӣ дар оилаҳои зери зуроварӣ қарордошта ва пешгирии тарғиби фарҳангӣ бегона аз ҷониба шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия корҳои муайян роҳандозӣ гардиданд.

Поделиться в