Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани мубориза зидди пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, захира намудани маводи озуқавори барои давраи зимистон, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов бо усули фардии “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.