Корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ дар маркази савдои “Меҳргон”
Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази савдои “Меҳргон” бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани мубориза зидди пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, истифода аз ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, ҳамзамон пешгирии тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.
Роҳбарияти маркази савдои “Меҳргон” зикр намуд, ки дар як рӯз то даҳ маротиба бо баландгӯяк оид ба риояи намудани гигиенаи шахсӣ дар дохили бозор, ташкил намудани ярмаркаи либосҳои мактабӣ барои соли нави таҳсил дар маркази савдо ҷорӣ карда шудааст. Зимни мулоқот ба роҳбарияти маркази савдо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳо дода шуданд.