Нисбати саломатии худ ва наздиконатон бетараф набошед!
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, фаъолзанони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба паҳншавии мавҷи дуюми бемории сирояти коронавирус тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Ҳисор оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ, пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус COVID-19, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маводи озуқаворӣ барои давраи зимистон, тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона, омодагӣ ба соли нави таҳсил дар маҳаллаҳои Абдурауф Юсупов ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.