Солимии инсон дар дарсти худ аст
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маводи озуқаворӣ барои давраи зимистон, тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона корҳои фардиву фаҳмондадиҳиро дар маркази шаҳр ва ҷойҳои серодам доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки бархе аз шаҳрвандон то ба ҳол оқибатҳои нохуши ин бемории сироятиро дарк накарда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, серодам бе ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор намуда, ҷони худ ва наздиконашонро зери хатар мегузоранд.