Тарғибу ташвиқ идома дорад
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” ҷиҳати пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19, бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, тоза намудани манзилҳои истиқоматӣ, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, захира намудани маводи озуқаворӣ барои давраи зимистон, самаранок истифода намудани кувваи барқ ва техникаи бехатарӣ, вобаста ба масоили пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба эътидол овардани муносибатҳои оилавӣ,тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона, омодагӣ ба соли нави таҳсил, риояи гигиенаи шахсӣ байни мактаббачагон ва кӯдакони боғчаҳо, риояи масофаи иҷтимоӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Сино суҳбатҳои инфиродӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки бархе аз шаҳрвандон то ба ҳол оқибатҳои нохуши ин бемории сироятиро дарк накарда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам бе ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор намуда, ҷони худ ва наздиконашонро зери хатар мегузоранд.