Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи навбатии Раиси Кумита

13 августи 2020, панҷшанбе

           Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13.08.2020 бо иштироки кормандони Кумитаи марказӣ ва мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҳисор, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ҷаласаи назорати баргузор гардид, ки дар он иҷрои амалшавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2012, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои болозикр аз рафти иҷрои Стратегияи мазкур ахборот доданд.

Поделиться в