Дастгирии ниёзмандон дар шаҳри Хуҷанд
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону шахсони саховатманд ва Ташкилоти ҷамъмиятии “Дунёи меҳр” ба 30 оилаи ниёзманди шаҳри Хуҷанд либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хонишро тақдим намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо сокинони шаҳри Хуҷанд вобаста ба тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, омодагӣ ба соли нави таҳсил ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.