Баробарии гендерӣ – афзалияти рушди устувор
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Баробарии гендерӣ – афзалияти рушди устувор” бо иштироки намояндагони мақомоти судӣ ва вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, фарҳанг, Агентии омор, кумитаҳои рушди маҳал, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ ва телевизион ва радио баргузор намуд.
Мавриди зикр аст, ки тренинги мазкур бо мақсади татбиқи банди 3 самти амалиёти 4.8.2.3.-и Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва банди 2 зербанди 4-и Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 баргузор гардида, ҳадафи асосии он таъсиси гуруҳҳои гендерӣ дар мақомотҳои давлатӣ ба ҳисоб рафт.
Чорабинии мазкур аз ҷониби иштироккунандагон хуб пазируфта шуда, иброз гардид, ки ташкили чунин тренингҳо аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро иҷрои бандҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои олам нақши калидӣ мебозад.