Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рейдҳои муштарак

19 августи 2020, чоршанбе

            Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Марказҳои саломатӣ ва санитарию беҳдоштии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикии пешгирӣ интиқол ва пайдоиши бемории нави сироятии коронавирус COVID-19 дар кошонаҳои ҳусн рейди муштаракро баргузор намуданд. Аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб ба кормандони кошонаҳои ҳусн дастур дода шуд, ки ҳамрӯза тамоми қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, бо истифода аз ниқобу маҳлулҳои антисептикӣ фаъолият намоянд.

 

Поделиться в