Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Усули “хона ба хона”

19 августи 2020, чоршанбе

          Санаи 18 августи соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия корҳои фаҳмондадиҳро бо усули “хона ба хона” дар кӯчаи И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва деҳаи Деҳлолои ҷамоати деҳоти Н.Назаров оид ба  пешгирии пайдоиши нави бемории сироятии коронавирус COVID-19 баргузор намуданд. Дар рафти вохӯриҳо бо аҳоли вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасон, захира намудани масулоти кишоварзӣ ва консервакунонии меваю сабзавот маслиҳатҳои судманд дода шуданд.

Поделиться в