Зан ва замин
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод вобаста ба истифодаи оқилонаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2020-2021 корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни занон ба роҳ монда истодааст. Бо ин мақсад бонувони ноҳияи Муъминобод аз меваю сабзавот шарбатои гуногун, мураббо ва хуриш омода кадаанд. Инчунин, тайёр намудани консервакунонии меваю сабзавот аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ дар байни занони ноҳия ривоҷ ёфта истодааст.