Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Хониши идоравӣ дар Кумита

20 августи 2020, панҷшанбе

        Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва самаранокии идоракунии давлатӣ машғулиятҳои идоравиро ба роҳ мондааст. Санаи 19 августи соли равон машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ тибқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 №358 тасдиқ карда шудааст”,

“Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қоидаҳои рафтори хизматчии давлатӣ тибқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи сардор ва сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо гузаронида шуд.

          Дар машғулияти идоравӣ муовини якум, муовинони раиси Кумита ва дигар хизматчиёни давлатии Кумита иштирок намуда, бо моҳияти мавзӯъҳои пешниҳодгардида, тибқи талаботи  нақшаи тасдиқгардида шинос шуданд.

Поделиться в