Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Шоҳҷоиза муборак!

22 июни 2019, шанбе

 

      Бо амру ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Тоҷикистон кишвари азизи ман» ва дигар чорабиниҳо дар саросари кишвар доир гардида истодаанд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, миқдори 3060 адад китобҳои нодири шоирону нависандагони классику муосирро аз Муассисаи давлатии нашрияи «Адиб» харидорӣ намуд.
Дар ҳошияи озмунҳои мазкур бахшида ба 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ барои иштироки фаъолона дар аксияи фурӯши китоби Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоиза ва Сипоснома гардид.
Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён, ки сарпарастии онро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, барои иштироки фаъолона дар аксияи фурӯши китоб бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Поделиться в