Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар боғҳои фарҳангӣ

21 августи 2020, ҷумъа

           Рӯзҳои 19-20 августи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои Рӯдакӣ ва Аҳмади Дониш вобаста ба пешбурди тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз сироятшавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус  COVID-19, тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона корҳои фаҳмондадиҳиро бо шаҳрвандон анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки бархе аз шаҳрвандон то ба ҳол оқибатҳои нохуши ин бемории сироятиро дарк накарда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам бе ниқобҳои муҳофизатӣ ва риоя накардани масофаи ичтимоӣ гаштугузор намуда, ҷони худ ва наздиконашонро зери хатар мегузоранд.

 

Поделиться в