Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии судманд бо сафири давлати Фаластин

21 августи 2020, ҷумъа

 

          Рӯзи 20 августи соли 2020 вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Иссо баргузор гардид. Дар вохӯрӣ самтҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба бо Вазорати кор бо занон ва оилаи Давлати Фаластин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои гуногун вобаста ба самти занон изҳори умедвории сафир гашта қайд гардид, ки вохӯрии имрӯза ба дӯстӣ ва рушди минбаъдаи ду кишвар мусоидат менамояд.  

 

 

Поделиться в