Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамбасти курси омӯзишӣ

24 августи 2020, душанбе

           Санаи 22 августи соли 2020 дар ноҳияи Варзоб курси 3 рӯзаи омӯзишии “Мактаби сарварӣ” аз рӯйи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” бо иштироки 20 нафар занону духтарони сарвари ноҳияи Варзоб  ҷамъбаст гардид.

         Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Варзоб дар ҷамъбасти курси омӯзишии болозикр аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавони баландихтисос, махсусан духтарон, пешбарии онҳо ба соҳаи хизмати давлатӣ ва ба вазифаҳои  роҳбарикунанда ҳарф зада, шунавандагони курс бо Гувоҳнома ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои мусоидати ҳамаҷониба дар ташкил ва баргузор намудани курси омӯзишии “Мактаби сарварӣ” бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Поделиться в