Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ

24 августи 2020, душанбе

             Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳраку деҳот бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд. Дар робита бо ин, аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд. Вобаста ба ин зиёда аз 2500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ ба аҳоли тақсим карда, .4000 адад овезаҳо оид ба беҳдошт тарзи дуруст шустани дастон ва маълумот оид ба пешгирии коронавирус насб арда шуд.

 

Поделиться в