Занон ва интихобот
Бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо мақсади таъмини иштироки фаъоли занону бонувон дар маъракаи сиёсӣ бо иштироки намояндагон – роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Занон ва интихобот» доир гардид.
Муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода З.Қ. иштирокдорони мизи мудавваро бо ҷашни дарпешистодаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуданд, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот буда, иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандист.
Хидирзода М.У.- узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ арз доштанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд,ҳуқуқ доранд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мувофиқи иродаи худ ба номзади арзандаашон овоз диҳанд ва дар интихобот бо ҳуқуқи интихоботии баробар иштирок намуда, ҳар як шахс як овоз дорад. Бо мақсади таъмини баробарии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон қонун муайян кардааст, ки ҳар як ҳавзаи интихоботӣ бояд аз рӯи шумораи иитихобкунандагои тақрибан баробар бошанд. Дар Кониститутсия ва қонунҳои интихобот ҳуқуқи баробари интихобот доштани занон бо мардон ва кафолати он махсус қайд гардидааст.
Дар кори мизи мудаввар коршиносони Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.