Идомаи курси омӯзиши “Мактаби сарварӣ” дар сатҳи маҳал дар ноҳияи Рӯдакӣ
Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Кумита дар доираи нақшаи амали Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбариикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20017-2022” курси омӯзишии “Мактаби сарварӣ” барои занону духтарони лаёқатманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба кори худ оғоз карда, санаи 27.08.2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯи кор омад. Дар курси мазкур занону бонувони сарвари мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории курси мазкур ҷалб ва пешбарӣ намудани занону духтарон ба соҳаи хизмати давлатӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда мебошад.