Омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои захира намудани маводҳои озука дар давраи тирамоҳу зимистон бо занону бонувон корҳои амалиро роҳандозӣ намуда, аз меваву сабзавот консерва ва аз маҳсулотҳои ширӣ қурут омода намуда истодаанд.
Занону бонувони ҳисорӣ бо мақсади болаззат ва хуштаъм омода намудани захираҳои зимистонӣ аз маслиҳатҳои пирони рӯзгордида истифода мебаранд.