Омӯзиши санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар “Мактаби сарварӣ”
Аз 27-ум то 29-уми августи соли равон бо ташаббуси Кумита дар доираи нақшаи амали Барномаи давлатии "Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2017-2022" дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти серӯзаи омӯзишии "Мактаби сарварӣ" гузаронида шуд.
Мутобиқи Барнома ва ҷадвали машғулиятҳо дар рӯзи аввал ба иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои "Пешгирии стресс дар фаъолияти идоракунӣ", "Хасташавии эмотсионалӣ дар фаъолияти меҳнатӣ", "Коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" ва "Маҳорати суханварии зан-роҳбар" омӯзиш гузаронида шуд. Рӯзи дуюм, масъалаҳои "Сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон", "Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо микроорганизмҳои паразитӣ - паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ", "Татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳукумати электронӣ ва ташаккули фаҳмиши технологии хизматчиёни давлатӣ", "Сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" дар сатҳи маҳал" мавриди баррасӣ қарор гирифт. Рӯзи сеюми машғулият бо муҳокимаи мавзӯъҳои "Имиҷи зан-роҳбар" ва "Принсипҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ҷараён гирифта, шунавандагони курс бо Гувоҳнома сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми машғулиятҳои серӯза бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимова Зебо ва Назаров Аваз дар мавзӯи "Занон ва интихобот" мизи мудаввар доир гардид, ки ҳадафи он таъмини иштироки фаъоли занону бонувон дар маъракаи интихоботӣ мебошад.