Баррасии масъалаҳои мубрам
Бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки фаъоли донишҷӯдухтарон дар маъракаи сиёсӣ дар Муассисаи давлатии Маркази таълими “Чарғои ҳидоят” суҳбату вохӯрӣ таҳти унвони “Зан ва интихобот» баргузор гардид.
Зимни суҳбат бо донишҷӯдухтарон муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Н. иброз доштанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мувофиқи иродаи худ ба номзади арзандаашон овоз диҳанд ва дар интихобот бо ҳуқуқи интихоботии баробар иштирок намуда, ҳар як шахс як овоз дорад.
Дар баробари баррасии мавзӯи болозикр боз якчанд масъалаи мубрам вобаста ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии мавҷи дуюми бемории сирорятии коронавирус COVID-19, самаранок истифода намудани кувваи барқ, пешгирии тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона, бо илму забономӯзӣ, ҳунару касбомӯзӣ майлу рағбат доштани ҷавондухтарон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз тарбиятгирандагони Марказ даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба созандагию ободкории ватани хеш бетараф набошанд, ҳувияти баланди миллӣ дошта, пайравони арзандаи Пешвои миллат бошанд.