Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Силсилавохӯриҳои шӯрои духтарони шаҳр

04 сентябри 2020, ҷумъа


          Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар коллеҷи тиббии шаҳр ҷаласаи шӯрои духтарони муассисаи мазкур доир гашт.

         Дар рафти ҷаласа мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавзуна Ҷӯраева оид ба татабиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, раванди таҳсил ва одоби муоширату маданият, рафтору гуфтори духтарон сухан намуд.

Зикр гардид, ки новобаста ба ҳамаи камбудиҳо зиндагӣ зебост ва мо бонувон баҳри боз ҳам зеботар гузаштани ҳаёти худ ва аҳли оилаамон таҳаммулпазир, сабур ва боиффату бомаърифат бошем ва ҳаёти ҷомеаро зиннати зеботаре бахшем.

Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаву корхонаҳои давлатӣ доир шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботӣ рафта истодаанд.

Поделиться в