Идомаи корҳои ободонӣ дар ноҳияи И. Сомонӣ
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД-МХР №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории COVID-19, инчунин ҷалби аҳолӣ ба корҳои тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, захираи маводи хӯрока, консервакунии меваю сабзавот корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади тозаву обод намудани кӯчаву паскӯчаҳои маҳалла ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.
Ба истиқоматкунандагон ба хотири пешгирии паҳншавии бемории сироятии каронавирус аз ҷониби Кумита варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо тақсим карда шуд.