Истиқлолият омили пешравии занон
29 соли пурфайзу бобарори даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором, сулу осоиштагӣ, бунёдкориву созандагӣ сипарӣ мегардад. Ин ҷашнвораи муҳими сиёсӣ ифодагари эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватансозию ватандорӣ буда, дастоварди нодир дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст.
Истиқлолияти давлатӣ ба шинохти чеҳраи сиёсии занону бонувон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат намуд. Таҳияи санадҳои танзимкунандаи ҳаёту фаъолият, нақшу мақоми зан дар ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои онҳо ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолият ба тасвиб расида, сол аз сол бо назардошти талаботи давру замон таҳким ёфта истодаанд. Занону бонувони тоҷик зери сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳ сӯи бунёдкорӣ, эҷоду ҳунар ва сомон додани зиндагии ободу осуда қадами устувор ниҳода, ба ҳайси вакилу вазир, олиму эҷодкор, муҳандис фаъолият намуда истодаанд, ки аз меваи шаҳдбори Истиқлолият ва пойдории давлати тозабунёди тоҷик шаҳодат медиҳад. Занону бонувони Тољикистон аз файзу баракати Истиқлолият, ваҳдату якдилӣ, якмаромиву якпорчагии ватан дар ҳамаи маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, ҷавобан ба таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми марти соли 2001 дар суханрониашон аз занону бонувони мамлакат даъват ба амал оварданд, ки «муҳимтар аз ҳама, аз мушкилиҳо наҳаросида, пеш бояд рафт. Кӯшиши якҷоя баҳри мақсадҳои умумӣ – таҳкими Ваҳдату Истиқлолияти поянда, беҳбудии рӯзгор, таъмини саодати наслҳои оянда, ҳиссагузор будан дар рушду нумӯъ ва сулҳи рӯи замин моро ба муроди мақсуд мерасонад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти назарраси занону бонувон баҳои баланд дода, дар ҷашни чорякасраи Истиқлолияти миллӣ дар бораи мақому мартабаи зан дар рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки «дастгирии занону бонувон ва ғамхорӣ доир ба ҳалли масъалаҳои онҳо дар сиёсати иҷтимоии давлат минбаъд низ мақоми сазовор хоҳад дошт. Зеро, мо ҷонибдорӣ ва саҳми занону бонувони мамлакатро аз раванди сулҳ, сарҷамъии миллат ва барқарорсозии баъдиҷангӣ фаромӯш намекунем. Занону бонувони кишвар ҳамчун қувваи фаъолу пешрафтаи ҷомеа дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат бо ифротгароиву хурофотпарастӣ нақши басо арзишманд доранд».
Бонувони тоҷик сазовори ин боварӣ ҳастанд ва кӯшиш менамоянд, ки дар татбиқи ҳадафҳои давлати соҳибистиқлол саҳми боз ҳам назаррас гузоранд. Зеро, ин сарзамин бо ҳама пешрафту муваффақият, бо ҳама буду набудаш Ватани маҳбуби мост ва пешрафту нумӯи он аз кору фаъолияти ҳар яки мо, соҳибватанон вобаста аст. Барои ин моро зарур аст, ки пайваста донишу малакаи худро такмил диҳем, мавқеи муайяни худро бо меҳнати ҳалол, ҷаҳду талоши ватандорию ватансозӣ муаррифӣ намоем. Дар пешамон мақсадҳои созандагиву ободкорӣ ва бунёдкориро гузошта, баҳри ба даст овардани он талош варзем. Беҳуда нагуфтаанд, ки қутбнамои беҳтарин дар ҳаёти инсон – ин мақсад аст ва дар ин масир, беҳтарин мақсад – дар сафи пеши ободкунандагони Ватан будан аст.
Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли занону бонувони тоҷик табрику таҳният гуфта, итминони комил дорем, ки занону бонувон минбаъд низ дар рушду нумӯи кишвар, дар раванди татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, бо меҳнати ҳалол ва ҷаҳду талошҳои ватандорию ватансозӣ саҳми худро мегузоранд.
Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!