Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Занону духтарон ба интихобот

10 сентябри 2020, панҷшанбе


Бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии  «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита бо мақсади таъмини иштироки фаъоли бонувону донишҷӯдухтарон дар маъракаи сиёсӣ бо иштироки муовинони Раиси Кумита, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хушед”, Директори мактаби таҳсилоти миёнаи №100 мизи мудаввар доир гардид.  Ҳамзамон Муовини аввали Раиси Кумита иштирокдорони мизи мудавварро бо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуданд, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот буда, иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандист. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров зимни суханронӣ арз доштанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мувофиқи иродаи худ ба номзади арзандаашон овоз диҳанд ва дар интихобот бо ҳуқуқи интихоботии баробар  иштирок намуда, ҳар як шахс як овоз дорад.


 

Поделиться в