Уфуқҳои Истиқлол
Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Кумита хониши идоравӣ вобаста ба баррасии китоби арзишмандди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” доир гардид.
Дар китоби “Уфуқҳои Истиқлол” оид ба бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорякасри Истиқлолияти давлатӣ, марҳилаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқоламон сухан меравад.
Дар сарсухани ин китоби арзишманд омадааст, ки вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад. Китоб барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.