Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Овози ман ҳалкунанда аст

16 сентябри 2020, чоршанбе

        Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 доир мегардад, вохӯрии навбатӣ бо занону бонувони чирадасти корхонаи истеҳсолии «Ёқут» рӯи кор омад. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва баромад намуданд. Сабоҳат Рустам, мудири бахши иттилооти Кумита саҳми назарраси занону бонувони тоҷикро дар рушди иқтисоди миллӣ махсус қайд намуда, зикр доштанд, ки занону модарони тоҷик дар ҷомеаи мутамаддини инсонӣ нақшу мақоми хосаро соҳибанд. Ояндаи мо, аз худи мо вобаста буда, вазифаи мо иштироки бевосита дар маъракаву чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аст. Бинобар ин, иштироки фаъоли занону бонувон дар ин маъракаи ҳаётан муҳими сиёсӣ, интихоби номзади арзанда бар маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақдири давлату миллатро барои 7 соли минбаъда муайян менамояд, ояндаи хушбахти миллат ва рушди босуръати иқтисоди миллиро кафолат медиҳад.  Иштирокдорони вохӯрӣ бо қаноатмандӣ баён намуданд, ки минбаъд низ бо нишондиҳандаҳои арзанда дар пешрафти босуръати кишвар саҳмгузорӣ намуда, дар интихобот ба номзади арзанда раъйи худро медиҳанд.

 

Поделиться в