Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бозгашти модарони Ваҳдатсаро

21 июни 2019, ҷумъа

 

      Ҳайати саднафараи корвони «Модарони ваҳдатсаро» , ки ибтикори Кумита бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз вилояти Суғд баргашт. Ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серӯзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуданд. Инчунин бо иштироки онҳо 20-уми июни соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии занон дар Ваҳдат аст!» баргузор гардид.
      Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сафар Модарони ваҳдатсаро аз ҳаёт ва рӯзгори занону бонувони вилояти Суғд, аз қисмҳои низомӣ бо баргузор намудани сӯҳбату мулоқотҳо бо сарбозону афсарон, инчунин, аз мақбараи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Муҳаммад Башоро, Хона-музейи Лоиқ Шералӣ, пойгоҳи бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент, мавзеъҳои таърихии «Қаҳ-қаҳа», «Чилҳуҷра», зиёратгоҳҳои «Туятошбобо» ва «Қутуратбобо»-и ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Муғ, мавзеъҳои таърихии «Сабристон» ва «Ҳазрати Шоҳ», Литсейи касбӣ-техникӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Сари мазор»-и шаҳри Истаравшан, Осоишгоҳи «Зумрад», зиёратгоҳҳои «Лангари моҳиён», «Ҳазрати Шоҳ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ, маҷмааи «Ҷаҳони нав», Маҷмааи таърихии «Қалъаи Сурх», Осорхонаи марказии шаҳри Исфара, Қасри Арбоб, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи «Баҳористон», майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои шаҳри Гулистон, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии Зулфия Баҳриддинова, Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи истироҳатии «Роҳи танобӣ» ва Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

 

Поделиться в